ИМКОНИЯТҲОИ ИҶРОИШИ АНДОЗ БЕШТАРАНД

Март 6, 2009 16:36

                   Хоруғ, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо, Пайрав Назаров).- Дар ҳузури раиси ВМКБ Қодири Қосим оид ба ҳолати ҷамъ овардани андоз, роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо ва пешгирии бӯҳрони молиявӣ ҷаласа баргузор гардид.                    Дар ҷаласа ҳисоботи Хадамоти андози навоҳии Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, раёсатҳои молия ва андози вилоят шунида шуд. Дар он зикр гардид, ки соли 2008 ва ибтидои соли 2009 нақшаи қисми даромади бӯҷа барзиёд иҷро шуда бошад, ҳам аммо ҳанӯз на аз ҳамаи имконоти ғанигардонии бӯҷаи маҳаллӣ аз ҳисоби андозбандӣ ва ҷамъ овардани он истифода бурда мешавад. Чунончи, теъдоди соҳибкорони инфиродиро дар мақомоти андоз 2800 нафар арзёбӣ мекунанд. Дар асл ин рақам бояд бештар бошад. Чунин ҳолат дар ҷамъоварии андоз аз воситаҳои нақлиёт низ ба мушоҳида мерасад.  

Март 6, 2009 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд