ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ АЗ ХОРИҶИ КИШВАР КАМ ГАРДИД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти омории шаҳри Ваҳдат, дар ин ҷо 4 бонк ва 6 адад ташкилотҳои ғайридавлатии қарздиҳандагони хурд фаъолият менамоянд, ки ба корхонаю ташкилотҳо, муассисаю хоҷагиҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар давоми соли гузашта аз тарафи бонкҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна ба маблағи 62 миллиону 565 ҳазору 200 сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат дода шудааст. Дар давоми 2 моҳи соли ҷорӣ интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ 3 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 миллион сомонӣ камтар аст.Боиси зикр аст, ки дар давоми соли 2008 аз хориҷи кишвар ба бонкҳои шаҳри Ваҳдат 387 миллиону 46 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ба сари ҳар як сокини ноҳия 1440 сомонӣ рост меояд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






