ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН МОҲИ АПРЕЛ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Март 2, 2009 14:50

                  Кобул, 2 март (АМИТ «Ховар» — Кабар). — Тибқи хабарҳои расида, интихоботи Президенти Давлати Исломии Афғонистон 21 апрели соли равон гузаронида мешавад. Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай мувофиқи Қонуни асосии мамлакат дар ин бора қарор қабул намуд. Қарори президент дар бораи гузаронидани интихобот бо қарори комиссияи интихоботи мамлакат комилан мухолиф мебошад. Комиссияи интихобот қарор қабул карда буд, ки интихоботи президент моҳи август гузаронида шавад. Мӯҳлати ваколати президенти ҳозираи Афғонистон Ҳамид Карзай 21 май ба охир мерасад.                 Мувофиқи моддаи 61 Қонуни асосӣ, интихоботи президент бояд то 22 май дар давоми аз 30 то 60 рӯз гузаронида шавад. Вале мушоҳидони байналхалқӣ изҳор менамоянд, ки гузаронидани интихоботи одилонаю шаффоф дар чунин мӯҳлати кӯтоҳ бо назардошти вазъияти мураккаб ва муташанниҷи мамлакат имконнопазир мебошад. Дар шароити имрӯза хусусан вазъияти вилоятҳои ҷанубу шарқии Афғонистон ноором аст. ИМА ва мамлакатҳои дигар, ки қисмҳои ҳарбии онҳо дар Афғонистон ҷой дода шудаанд, ба тарафдории ба мӯҳлати дертар гузаронидани интихобот ақида изҳор намуданд. Қайд карда мешавад, ки то гузаронидани интихоботи президенти Афғонистон қариб 20 ҳазор аскару афсари хориҷӣ ба ин мамлакат фиристода хоҳад шуд.  

Март 2, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд