ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ МАҲДУД МЕШАВАД

Март 10, 2009 16:37

                   Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» бо худ гирифтан гаштан ва истифодаи телефонҳои мобилӣ дар тамоми мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии мамлакат новобаста аз шакли идоравиашон манъ карда мешавад. Ба лоиҳаи Қонунҳои мазкур 10 март вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат илова ворид карда, онҳоро қабул карданд.                   Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони Маҷлиси намояндагон Додихудо Саймуддинов масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт, ки тадбири мазкур дар асоси муроҷиати чандинкаратаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар сохтани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар андешида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки қаблан аз ҷониби Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов Фармон интишор гардида буд, ки тибқи он истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимии мамлакат манъ карда шуда буд. Мутаасифона ин амал самарае набахшид ва вақти он расидааст, ки парлумони кишвар ҷиҳати ҳалли ин проблема ба қонунҳои кишвар иловаҳо ворид сохта чораҳои қонунӣ андешид. Масъалаи истифодаи телефонҳои мобилӣ натанҳо ба паст шудани сифати таълиму тарбия оварда расонидааст балки ба саломатии насли наврас ва ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.                   Додихудо Саймиддинов меафзояд, ки мактаббача ва ё донишҷӯе, ки Қонунҳои мазкурро риоя намекунад, ҳатман тибқи Кодекси маъмурии кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз ӯ ҷарима ситонида мешавад.

Март 10, 2009 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд