КӮМАКИ ХАЙРИЯИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Кӯмаки хайрияи Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дирӯз, 19 март бо ду ҳавопаймои боркаши ИЛ — 76 ба Душанбе оварда шуд. 26 март аз Русия ба Тоҷикистон ба воситаи боз як ҳавопаймои дигар кӯмаки хайрия фиристода хоҳад шуд. Кӯмаки хайрия аз 15 тонна гӯшти консервашуда, 25 тонна шакар, 9 нерӯгоҳи сайёри барқӣ, 100 хаймаи «Помир — 30», 100 дастгоҳи гармкунанда ва 3 ҳазор кампал иборат аст. Вазни умумии он 96,4 тонна мебошад. Маблағи кӯмаки хайрия 32 миллиону 746 ҳазор рубли Русияро ташкил медиҳад. Дар маросими супоридани кӯмаки хайрия иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳои сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличный ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа ва шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон иштирок доштанд. В.Светличный изҳор намуд, ки Тоҷикистон яке аз иттифоқчиёни наздики Русия ва шарики деринаи он мебошад. Мамлакатҳои мо ба ҳамдигар муносибатҳои махсус доранд ва табиист, ки Русия дар лаҳзаҳои мушкил муроҷиати роҳбарияти Тоҷикистонро дар бораи расондани кӯмаки хайрия беҷавоб гузошта наметавонист. Мамлакати мо ба Тоҷикистон ҳамеша дар лаҳзаҳои душвор дасти ёроз мекунад, гуфт вай. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон Б.Орифов ба Ҳукумати Русия барои кӯмаку дастгирӣ изҳори сипос намуд. Тарҷумон — Қудратов А.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






