КИШВАРҲОИ ЭКО ШАБАКАИ ЯГОНАИ КОММУНИКАТСИОНӢ СОЗМОН МЕДИҲАНД

Март 4, 2009 16:50

                          Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-11 март дар Теҳрон нишасти навбатии Сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор мегардад, ки дар он дар баробари роҳбарони дигар давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок менамояд.                          Масъули бахши матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар нишасти навбатии сарони кишварҳои ЭКО масъалаҳои вазъи фаъолияти ЭКО, коҳиши бӯҳрони ҷаҳонии моливӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои аъзои ин созмон дар бахши коммуникатсия, сохтмони роҳи оҳан, бахусус таъсиси шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ баррасӣ мешаванд.                          Ҳамзамон масъалаи тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои ин созмони мӯътабар дар бахши энергетика дар маркази таваҷҷӯҳи Сарони кишварҳои аъзои ЭКО қарор мегирад.                          Бояд зикр кард, ки ЭКО 10 кишвари ҷаҳон, Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Туркияро муттаҳид менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 1993 ба узвияти ин созмони бонуфуз пазируфта шудааст.

Март 4, 2009 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад