КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ БА НОМИ А. ФИРДАВСӢ БО АДАБИЁТИ ТОЗАНАШР ҒАНӢ ГАРДОНИДА ШУД

Март 25, 2009 12:32

                   Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат иброз намуда буд, Вазорати фарҳанги ҶТ беш аз 2,5 ҳазор китобҳои бадеӣ, илмӣ, илмӣ-оммавиро ҳамчун тўҳфа ба Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ тақдим намуд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии вазорат хабар доданд, аз ин ҳисоб 1000 нусха китобҳои гуногуни ҷамъоваришуда аз китобхонаи шахсии Вазири фарҳанг М. Асрорӣ мебошад.                    Бояд зикр намуд, ки дар байни асарҳои дорои аҳамияти таърихӣ ва тарбиявидошта, инчунин бо забонҳои гуногун адабиётҳо хеле зиёданд, ки онҳо натанҳо барои тарбияи насли наврас, балки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандўстии ҷомеа мусоидат хоҳанд намуд.                    Ташаббуси Сарвари давлат дорои моҳияти баланди башардўстона буда, барои гардиши китоб, ки сарвати бебаҳои маънавӣ аст, кўмак мерасонад.                     Бо истифода аз фурсат, кормандони Вазорати фарҳанг тамоми аҳли зиёи мамлакатро даъват менамоянд, ки ин ташаббуси наҷибро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои муккамалгардонии фонди китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти тозанашр саҳм гузоранд.

Март 25, 2009 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд