КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР ОМӮЗИШГОҲИ САРҲАДӢ

Март 17, 2009 14:30

                   Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 17 март дар Омӯзишгоҳи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.                    Сараввал сардори омӯзишгоҳи мазкури Аладӯст Ғураев баромад кард, ки мақсад аз гузаронидани конфронси илмӣ назаре ба саҳифаи таърихи гузаштаи халқи тоҷик, бахусус нигоҳе ба ҳаёт ва фаъолияти шахсияти бузурги олами Ислом- Абуҳанифа Имоми Аъзам, ки соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1310 солагии ин шахсияти бузург таҷлил карда мешавад.                    Сипас, муовини сардори омӯзишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ  О. Маликов, донишомӯз Ҷ. Маликов, омӯзгорон С. Бегназарова, С. Шарифов, К. Юсуфова дар бораи «Шарҳи ҳоли мухтасари Имом Абуҳанифа», «Рӯзгори Абуҳанифа дарси ибрат аст», «Мактаби фиқҳии мазҳаби Ҳанафӣ» ва «Мероси ҷовидонаи Имоми Аъзам» маърӯза карданд.                     «Бояд тазаккур дод, ки мактаби Имоми Аъзам дар давру замони худ то ба имрӯз яке аз мактабҳои бузурги ҳуқуқии дунёи ислом дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ҷолиб он аст, ки мероси ҷовидона ва таълимоти ин марди бузург- Имоми Аъзам барои рушду нумӯи башарият нақши бузург ва арзанда дорад.                       Баргузории чунин конфронс қадами устуворест баҳри баланд бардоштани савияи дониши насли ҷавон , огоҳ будан аз мероси аҷдодони худ ва худшиносию худогоҳии миллии онҳо», — гуфт дар хотима Аладӯст Ғураев.

Март 17, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд