КОРҲО ДАР АМАЛӢ ШУДАНИ ЛОИҲА ДАВОМ ДОРАНД

Март 13, 2009 10:52

                       Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти корхонаи фаръии давлатии байниноҳиявии обу канализатсияи шаҳри Қурғонтеппа, барои амалӣ намудани иҷрои лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 — 2009 барои корҳои барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Қурғонтеппа 2958,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.                       Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, то 1-уми феврали соли 2009 ба маблағи 1182, 9 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, ду чоҳи обанбори Р-3 ва як чоҳи обанбори Р-1 тоза карда шуда, сохтмони иншооти иловагии болои чоҳҳо дар арафаи анҷомёбист. Дар кӯчаи Ваҳдат кандани хандақҳо ба анҷом расонида шуда, ба дарозии 570 метр қубурҳои полиэтилинӣ d-450 мм васл карда шуданд.                     Дар истгоҳи -(стансия)-и насосии обанбори Р-2 дар хандақҳо васл кардани 900 метр қубурҳои оҳании d-800 мм оғоз гардид.

Март 13, 2009 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд