Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
ФАЙЗОБОД, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Устошамси Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Файзобод хабар доданд.
Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Суҳроб Латипов бунёд ёфтааст, ки ба рушди соҳаи истеҳсолот, таъсиси ҷойи нави кор барои занону духтарони деҳот ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Сарой, Шерамон ва Зарнисори ноҳияи Файзобод Маркази инкишофи кӯдак, дар назди муассисаи таълимии деҳаи Устошамс майдончаи варзишӣ ва дар деҳаи Мискинобод толори варзишию ҳамоми замонавӣ ба истифода дода шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншоот иброз гардид, ки бунёди он ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, рушди оммавии варзиш, инчунин беҳтар намудани инфрасохтори соҳа мусоидат мекунад. Он инчунин барои фароҳам овардани шароити мусоиди машқу тамрин, таъсиси ҷойи нави кор, муҳайё гардидани шароити зиндагӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод













Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






