МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР СУҒД

Март 2, 2009 09:52

                Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 28 феврал дар қаламрави вилояти Суғд тибқи қарори раиси вилоят «Оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар вилоят барои соли 2009» ҳашари умумихалқии нишҳолшинонӣ доир гардид.                Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳи муовинони худ, роҳабарони як қатор ташкилоту идораҳои давлатӣ ва кормандони дастгоҳи раиси вилоят дар муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, дар ин мавзеъ якчанд бех ниҳол шинонид.                Сипас, Қоҳир Расулзода аз ҷараёни кор дар дигар минтақаҳои ин боғ шиносоӣ пайдо кард ва барои саривақт анҷом додани маъракаи имсолаи ниҳолшинонӣ ба роҳбарону масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Раиси вилоят инчунин аз рафти сохтмони чойхонаи миллӣ дар мавзеи боғ дидан намуда, бо кору фаъолияти бинокорон аз наздик ошно гардид.                Қайд кардан бамаврид аст, ки дар маъркаи имсолаи ниҳолшинонӣ дар «Боғи миллии Ваҳдат» қариб 2 ҳазор нафар дар ҳудуди 631 гектар замин, наздик ба 12 ҳазор бех ниҳоли ҳосилдеҳу сояафкан шинониданд.                 Ёдрас мешавем, ки «Боғи миллии Ваҳдат» соли гузашта дар арафаи ҷашнгирии иди Наврўз бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурўъ намуда буд.  

Март 2, 2009 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд