МАШВАРАТ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Март 10, 2009 13:33

                      Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳои азими саноатӣ ва дигар шахсони дахлдор оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар ду моҳи аввали соли равон ва коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ машварати корӣ доир намуд.                       Оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин муддат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ шунида шуд.                       Зикр гардид, ки аз рӯйи маълумоти баҳодиҳӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% афзуда, ба 1 миллиарду 909 миллион сомонӣ баробар шуд.                       Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, иншооти энергетикӣ ва баъзе соҳаҳои дигар изҳори норозигӣ карда, таъкид намуд, ки натиҷаҳои кори онҳо дар семоҳаи авали соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад ва аз рӯйи он чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд.                        Оид ба таъмини саривақтии нафақа ва маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ, кам кардани хароҷоти конселярию нақлиётӣ, алоқаи телефонӣ ва сафарҳои хизматӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.                       Оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод.                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба вусъат додани кишти баҳорӣ, татбиқи босамари лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи кишоварзӣ, рушди боғутокпарварӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, парварши занбӯри асал, афзун намудани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ гузарондани кишти такрорӣ супоришҳои мушаххас дод.                         Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди масъулон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва вусъат додани дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.                       Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 10, 2009 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд