МИХАИЛ КАЛАНТАРОВ БЕШАРМОНА ДУРЎҒ МЕНАВИСАД!

Март 27, 2009 15:49

                   Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). Дар сайти «Цетр Азия» рўзи 26 марти соли 2009 пайдо шудани мақолаи пур аз ғараз ва иғвогаронаи «Бюджет разрушенных надежд. Таджикские трудовые мигранты не хотят возвращаться на родину», ки аз сайти Tajmigrant.com гирифта шудааст боиси қаҳру ғазаби ман шуд. Аввалан, оддитарин хонандаи ин мақола мефаҳмад, ки мақсад аз он иғво ангехтан ва кўшиши заифонаи паст задани кишвару миллати мост. Фактҳои сар то ба по дурўғи мақола ва таҳлилҳои сар-сарӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки муаллиф аз шароити имрўзаи зисту зиндагии мардуми мо огоҳ нест. Зиёда аз ин, аз ҳама дурўғи маҳзи муаллиф он аст, ки гўё бо ман ҳамсўҳбат гаштааст ва ҳатто ба ман истинод меорад. Гўё сари «як сўҳбати дўстонаи бегалстук» ман ба ў гуфта бошам, ки «ограниченные посевные площади не позволяют республике получать достаточно продукции для удовлетворения собственных нужд и основные составляющие потребительской корзины приходится докупать из-за рубежа…» ва ғайраву ва ҳоказо. Дар асл бошад, ман Худоро шукр мекунам, ки бо чунин ному насаб дўсте надорам ва бо ягон Михаил Калонтаров ҳамсўҳбат ҳам нашудаам. Агар Михаил Калонтаров шахси воқеӣ бошад ва дар кишвари мо ягон робитае дошта бошад, ман гумон мекунам, ки баромадҳои вақтҳои охири ман тавассути матбуот боис гардида, ки нависад гўё бо ман ҳамсўҳбат шудааст. Аслан, ў бо як тир ду нишон задан мехост: ҳам мехост низоми ҷомеаи моро нодуруст ташреҳ диҳад ва ҳам ҳадаф дошт маро дар назди роҳбарияти кишвар сиёҳ намояд. Вале тираш хато хурд — аз вазъи ҷомеаи имрўзаи мо, сохтмонҳои азим, рўз то рўз беҳ шудани сатҳи зиндагӣ мардум кайҳо эҳсос намудаанд, ки кишвари мо дар кадом поя қарор дорад, инчунин ҳар касе боре бо ман ҳамсўҳбат гашта ё маводе аз ман мутолиа намудааст, аниқ мефаҳмад, ки ман ифтихор дорам ва мефахрам, ки чунин Ватан ва чунин Президент дорам.               Хулласи калом, беҳарос аз сагҷакиҳо корвони саодати кишвари мо пеш меравад ва бо сиёҳ гуфтан ҷурғот сиёҳ намешавад. Бигузор Михаил Калонтаров ва ў монандҳо огоҳ бошанд, ки бо ин услуб дигар касеро фирефта карда наметавонанд.            Нозир ЁДГОРӢ,            сардори Умури матбуоти            ШСХК «Барқи тоҷик»   

Март 27, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд