МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ЧИН

Март 19, 2009 15:55

                         Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҶТ мулоқоти мутахассисони вазорат бо намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ муҳокима гардид.                        Ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои савдо ва иқтисод, мубодилаи «Варақаи иҷозатӣ» барои соли 2009, оид ба даровардани тағироту иловаҳо ба барномаи лоиҳаи регламенти Созишномаи байналхалқии ҳамлу нақли байналхалқӣ дар ду кишвар табодули назар карданд.                        Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаҳои имкони ҳамроҳ гардидани Чин ба хатсайри ҳамлу нақли транзитии байни ҷумҳуриҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, танзими кор дар гузаргоҳи сарҳадии Қулма — Қаросу мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                       Оид ба масъалаҳои муҳокимагардида аз тарафи ҷонибҳо андешаҳои судманд пешниҳод шуда, ҳарду тараф ба хулоса омаданд, ки мулоқоти навбатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардад.                       Дар анҷоми ҷаласа муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёров ва муовини сардори Идораи ҳамлу нақли Ҷумҳурии Мухтори Синзеяни Уйғури Чин Жен Сзун Син протоколи мулоқотро ба имзо расониданд.   

Март 19, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд