МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР МАСКАВ

Март 27, 2009 14:36

                 Душанбе, 27 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 31 март дар Маскав машварати вазирони молияи давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Иттиҳод ва тадбирҳои бартараф сохтани оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ муҳокима карда мешаванд.                 Вазирон мавқеи мамлакатҳояшонро дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои «Гурӯҳи бистгона» муайян хоҳанд кард, ки 2 апрел дар Лондон баргузор мегардад.                 Инчунин, бо супориши Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Иттиҳод барои бартараф сохтани оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиявӣ пешниҳодҳо тайёр карда шуданд. Ин пешниҳодҳоро моҳи декабри соли 2008 Кумитаи байнидавлатии асъор ва баъд Шӯрои иқтисодии ИДМ мавриди муҳокима қарор дода буданд.                Дар мулоқот пешниҳодҳои бамиёнгузошташуда, аз ҷумла, дастгирии системаи бонкию молиявӣ, додани кафолати ҳифзи маблағҳои дар бонкҳо гузоштаи шаҳрвандон, истифодаи пулҳои миллӣ дар ҷараёни тиҷорати мутақобала, расондани кӯмаки молиявӣ ба корхонаҳои калон, дастгирии соҳаҳои асоситарини иқтисодиёт ва пешгирии бекор мондани қисми зиёди аҳолӣ баррасӣ карда мешаванд.  

Март 27, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд