МУЛОҚОТИ ВКД БО НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРАЛИИ МУҲОҶИРАТИ РУСИЯ

Март 13, 2009 15:35

               Душанбе, 13 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров имрӯз бо намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷират А.Кузнецов ва сардори раёсати равобити берунии хадамоти мазкур С.Степанов мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омадаанд.               Аз дафтари матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни мулоқот силсилаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ карда шуд. Анатолий Кузнецов зикр намуд, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити имрӯза аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.               Мусоҳибон нақшаҳои ояндаи ҳамкориро дар бобати муташаккилона фиристодани коргарони муҳоҷир ба Русия ва сари вақт гирифтани маълумот дар бораи тағйироту иловаҳои ба қонунҳои дахлдори Русия воридгардидаро муҳокима намуданд.                                                                                                                                                                       Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 13, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад