МУЛОҲИЗАҲО ДАР АТРОФИ ФИҚҲИ ИМОМИ АЪЗАМ

Март 19, 2009 15:17

                        Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 19 март дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҳувввияти миллӣ» конфронс баргузор гардид. Дар он иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Хусусияти эҷодиёти Имоми Аъзам», «Замони Имоми Аъзам», «Ҷараёнҳои илмӣ, динӣ ва фалсафӣ дар замони Имоми Аъзам» ва ғайра маърӯзаҳо хонданд.                         Сипас, устодону мутахассисони соҳа дар атрофи фиқҳи Абӯҳнифа Имоми Аъзам баҳсу мунозира намуда, қайд карданд, ки фиқҳи Имом барои рушди фарҳанги халқи тоҷик, ривоҷи маънавиёт ва илму адаби оламшумули он дар асрҳои минбаъда заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва динӣ гузошт.                         Ҳамчунин, дар бораи мутафаккирони минбаъда Муҳаммад Абду, Саид Ҷалолиддин Афғон ва Муҳаммад Иқбол, ки дар фиқҳи ислом мақоми хос доранд ибрози ақида карда шуд.

Март 19, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд