НАШРИ МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ ЗАБОНШИНОСӢ БА МАНФИЯТИ ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД

Март 20, 2009 12:00

                  Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар хабар дод, ки ояндаи наздик маҷаллаи илмии забоншиносӣ нашр карда хоҳад шуд.                   Ба қавли Сарвари Давлат масъалаҳои забонро бе омӯзиши дақиқи илмӣ ва таҳқиқи давраҳои гуногуни таърихии он дар асоси осори хаттӣ наметавон дуруст ҳаллу фасл кард. Аз ин рӯ, барои таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ, бахусус забони адабӣ ва меъёрҳои он, назария ва амалияи забон ва дар маҷмӯъ масоили марбут ба он имрӯз зарурати таъсиси як маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба миён омадааст.                   Бо назардошти ин, чанде пеш дар хусуси таъсиси маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба Вазорати молия ва Академияи илмҳо супориш дода будам ва чопи он ҳамин сол оғоз меёбад, гуфт Президенти ҷумҳурӣ.                   Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки нашри ин маҷалла ба таҳким ва густариши забони давлатӣ, ки омили муҳими болоравии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Март 20, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд