НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ «ВАҲДАТОФАРИН» АСТ

Март 16, 2009 11:39

                    Душанбе, 16 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ваҳдатофарин» чунин ном гирифтааст намоишномаи театрикунонидашудаи истиқболи ҷашни Наврӯзи Душанбе, ки он 21 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.                    Дар робита ба истиқболи сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи фархунда Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд.                    Назар ба иттилои сардори идораи фарҳанги шаҳри Душанбе Шаҳло Мӯсоева намоишномаи театрикунонидашудаи ҷашни Наврӯзи Душанбе ҳунарпешаи шинохтаи ҷумҳурӣ Убайдулло Раҷабов мебошад. Ҷашни Наврӯзи Душанбе бо фарогири тамоми суннатҳои миллӣ истиқбол гирифта шуда, таҷассумгари фарҳанги мардумони ориёӣ мебошад.                    Ҷашни Наврӯзи фархундаро бидуни чорабиниҳои варзишӣ тасаввур кардан ногузир аст. Аз ин рӯ, 22 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ соати 14 мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳлавонон ва гӯштингирони шинохта бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.                    Ҳамзамон, рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт- Боғи Айнӣ, Дӯстии халқҳо, Майдони 800-солагии Маскав ва назди Кӯли ҷавонон сайругашти идонаи наврӯзӣ баргузор гардида, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинию кулчақандҳо ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад.

Март 16, 2009 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд