ОҚИБАТИ ХАРОБ ГАРДИДАНИ БАНДИ ОБ ДАР ИНДОНЕЗИЯ

Март 30, 2009 10:22

              Ҷакарта, 30 март. (АМИТ «Ховар» РБК). — Аз рӯи хабарҳои расида, дар Индонезия дар натиҷаи канда шудани банди оби обанбор 69 нафар ҳалок шуд. Дар хабар қайд карда мешавад, ки шумораи аниқи ҳалокшудагон ҳанӯз маълум нест.               Ба қавли мақомоти маҳаллӣ, сабаби рух додани фалокат ба фишори зиёди об тоб наовардани банди об мебошад. Рӯзҳои охир бар асари боришоти зиёди борон сатҳи оби обанбор якбора баланд шуд. Обанбори мазкур даҳҳо сол пеш дар қисмати ҷанубу ғарбии Ҷакарта сохта шуда буд, баландии он 15 метрро ташкил медод. Банди об субҳи барвақти 27 март канда шуд. Сабаби ҳалок гардидани теъдоди зиёди одамон ҳамин буд, ки қисми зиёди онҳо вақти рух додани фалокат ҳанӯз хоб буданд.               Дар натиҷаи канда шудани банди об садҳо маҳалҳои аҳолинишин зери об монд. То ҳол бисёр одамон беному нишон гумшуда ҳисоб карда мешаванд.

Март 30, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад