ПАРЛУМОНИ ӮЗБЕКИСТОН АҲДНОМА ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИРО ТАСДИҚ КАРД
Душанбе, 13 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова)- 12 март дар Тошканд палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон -Олӣ Маҷлиси Аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тасдиқи Аҳдномаи мазкур метавонад ба рушди тақвияти ҳамкории минбаъдаи ду кишвари дӯсту бародар-Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дорои робитаҳои неку ҳасанаи фарҳангию таърихианд, нақши муассир гузорад. Аҳднома 7 сол муқаддам, аниқтараш 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Он асосҳои ҳуқуқии гузариши хати сарҳади давлатии ду кишвари дӯсту ҳамҷавор- Тоҷикистону Ӯзбекистонро муайян месозад. Онро 25 феврали соли 2009 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуда буд.Аҳднома аз 9 модда ва се замима иборат буда, муқаддимаи он мақсад ва мароми ба имзо расонидани Аҳдномаро инъикос намудааст. Тасдиқи Аҳдномаи мазкур аз ҷониби парлумонҳои ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудии ҳар ду давлат нақши муассир мегузорад. Зеро ин санад дар асоси низом ва қонунҳои байналмилалӣ таҳия шуда, манфиатҳои миллию соҳибихтиёрии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистонро ҳимоя менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






