ПИЁДАГАРДОН ДАР ХАТАР

Март 17, 2009 14:44

                 Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Имрӯзҳо бо ташаббуси кормандони Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ бо мақсади пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ ва кам кардани зарари онҳо, хусусан осеб дидани бачагон тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Дар доираи ин тадбирҳо ба талабагон қоидаҳои ҳаракати роҳ омӯхта мешавад.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти БДА шаҳри Душанбе майор Мирзохон Саидов иттилоъ дод, дар давоми 2 моҳ талабагон шоҳиди 23 ҳодисаи роҳу нақлиёт шуданд. Бар асари ин ҳодисаҳо 3 нафар ҳалок ва 20 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд.                  Аз ҷумла, ронандаи мошини тамғаи «Volkswagen» рақами давлатиаш ЕЕ 84 05 РТ 01 таҳти идораи Бобоев Умед, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати Боғистон бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат бо хиёбони И. Сомонӣ аз тарафи кӯчаи Б. Ғафуров ба тарафи кӯчаи Баҳоваддинов дар роҳи пиёдагард хонандаи синфи 1 мактаби миёнаи №89 Раҳмия Нуроваро пахш карда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Ҷабрдида аз зарари сахти ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Аз тарафи кормандони БДА шаҳри Душанбе корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бурда ҷинояткор дастгир карда шуд. Тафтишоти ин воқеа идома дорад.

Март 17, 2009 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд