ПОСИ ХОТИРИ ОҲАНГСОЗ

Март 2, 2009 10:50

                   Душанбе, 2 март, (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон барои поси хотири оҳангсози маъруф, ходими хизматнишондодаи санъати мамлакат Миратулло Атоев консерти ёдбуд баргузор гардид. Дар консерт танҳо асарҳои оҳангсоз Миратулло Атоев иҷро карда шуданд.                   Дар ҷамъомад ҳунарпешагони театри опера ва балет, ҳунарпешагони халқӣ ва шоистаи Тоҷикистон, шогирдону дӯстони М.Атоев ва донишҷӯён иштирок намуданд. Консерт ба муносибати рӯзи вафоти оҳангсоз гузаронида шуд.                   М.Атоев дар таърихи мусиқии халқи тоҷик мақоми сазовор дорад. Вай қариб дар ҳамаи жанрҳои мусиқӣ асарҳо таълиф намудааст. Ҳамаи асарҳои оҳангсоз ба хазинаи тиллоии мусиқии тоҷик дохил карда шудаанд. Имрӯз барномаҳои бисёр студияҳои телевизион ва радиои мамлакат бо оҳангҳои офаридаи Миратулло Атоев «Баҳор», «Ватан» ва «Тоҷикистон» шурӯъ мегарданд. Суруду оҳангҳои ӯ дар машғулиятҳои мактабҳои ҳунарӣ омӯхта мешаванд.                   Миратулло Атоев соли 1995 вафот карда буд.

Март 2, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд