РӮЗНОМАНИГОРОНИ БЕҲТАРИН ҚАДР КАРДА МЕШАВАНД

Март 4, 2009 16:15

                   Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Раёсатҳои Вазорати фарҳанги ҶТ дар якҷоягӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи матбуоти тоҷик омодагӣ мебинанд.                   Аз ҷумла, 11 март, бахшида ба иди матбуот дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад.                    Тавре дар Вазорати фарҳанг ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ҷамъомад намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вазири фарҳанги ҶТ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аҳли илму адаби ҷумҳурӣ даъват шудаанд.                    Бахшида ба ин рӯз намоиш ва фурӯши китоб ва нашрияҳои дигар ташкил карда мешавад.                    Дар доираи маҷлис собиқадорон ва пешқадамони матбуот бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳову мукофотҳо қадр карда мешаванд. Ҳамчунин, Иттифоқи журналистон озмунҳои ба номи А. Лоҳутӣ ва В. Асрориро ҷамъбаст намуда, ғолибони онро бо ҷоизаи эҷодӣ сарфароз хоҳад сохт.                   Дар хотима, барои иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаш мегардад.

Март 4, 2009 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд