САФАР ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

Март 16, 2009 09:26

                    15 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсул аз минтақаи озоди иқтисодии Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иштирок дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об, ки пагоҳ дар шаҳри Станбул кораш оғоз меёбад, ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.                   Худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок намуд.                    Дар маросими ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон, ҳайати расмии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Анқара ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави сафорати Тоҷикистон иштирок намуда буд.                  Инак баъди се сол бинои нави сафорати Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини шаҳри Анқара расман ба истифода супурда шуд.                  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кормандони сафоратро бо ин рӯйдоди арзишманд табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо ифтитоҳи бинои нав ва муҳайё гаштани шароити хуби корӣ самараи фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Туркия боз ҳам бештар мегардад.                   Вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон зимни суханронии табрикии худ Тоҷикистонро кишвари дӯсту бародар ва дорои фарҳанги пурғановат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Туркия минбаъд низ муносибатҳои гуногуҷанбаи худро бо Тоҷикистон таҳкиму густариш хоҳад дод.                  Дар назди сафорат бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон бардошта шуд.                  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои нави сафорат як навниҳоли ҳамешасабз шинонд.                  Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Анқара ба шаҳри Станбул рафт.Бегоҳии 15 март Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва Сарвазири ин кишвар Реҷеп Тейип Эрдоган мулоқот анҷом медиҳад.                  16 март Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Март 16, 2009 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад