Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид

Декабрь 13, 2025 17:00

ҲИСОР, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор машварати кишоварзон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.

Дар  машварат иброз гардид, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб шуда, солҳои охир новобаста аз таъсири офатҳои табиӣ ва омилҳои буҳронӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи устувор рушд меёбад. Таваҷҷуҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа имкон фароҳам овард, ки кишоварзони шаҳри Ҳисор  соли 2025 бо заҳмати дучанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи идораи замин, дар шаҳри Ҳисор  7488 гектар замини корами обӣ ва 4383 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст. Тибқи дурнамои ҷобаҷогузории кишти зироати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маслиҳату тавсияи мутахассисон ҳоло дар 1420 гектар замини обӣ ва ҳамагӣ дар 66 гектар замини лалмӣ кишти тирамоҳии зироат гузаронида шуд, ки 30,7 фоизи дурнамои кишти зироатро барои ҳосили соли 2026 ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 кам буда, кишоварзон бояд бо тавсияю маслиҳати олимону мутахассисон дурнамои кишти зироатро таъмин намоянд.

Муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Баҳром Аҳмадзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода натиҷаҳои сафар ва мушоҳидаҳояшонро дар саҳрои хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор, ҳолати шудгор ва кишти тирамоҳиро дар заминҳои обию лалмии хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин нармкунии бехи дарахтон ва токзорро дар ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Зимнан барои сари вақт шудгору кишт намудани зироати кишоварзӣ, бахусус ғалладонагиҳо бо истифода аз иқтидори мавҷуда ба деҳқонон маслиҳату тавсияҳои судманд дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 13, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад