МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад. Яъне, он баъди ба давраи оромӣ рафтани дарахтон гузаронида мешавад. Боғпарварон ҳангоми 70‐80 фоиз рехтани барги дарахтон метавонанд ба буриш ва башаклдарории дарахтон оғоз намоянд. Чунин тавсия медиҳанд олимони соҳаи кишоварзӣ ба боғпарварони мамлакат.
Буриши дарахтон дар ҳарорат аз 2 то 5 дараҷа хунукӣ манъ аст. Дар натиҷаи гузаронидани буриш дар ҳарорати аз 5 дараҷа хунукии зиёд навдаҳои дарахтон ях баста, дар вақти буриш навдаҳо кафида, осеб мебинанд. Ба онҳо ҳашароту тухм ва ҳуҷайраҳои касалиҳо дохил шуда, таъсири манфӣ мерасонанд, ки боиси касалшавӣ ва хушкшавии дарахтон мегарданд.
Ба боғпарварон тавсия дода мешавад, ки пеш аз оғози буриш ва башаклдарории дарахтон ба намуд ва шакли дарахт, фарқияти навдаҳои мевадиҳанда ва бемева аҳамият диҳанд. Инчунин истифодаи асбобу аёнияти махсуси боғҳо- теғи бурро (тез) ва баъд аз анҷоми кор бо маҳлули спирт тоза намудани асбобҳоро барои паҳн нагаштани касалиҳо тавсия дода мешавад. Ҳамасола дар вақти гузаронидани буриш ва башаклдарорӣ ба танзими шоҳаҳои дарахтони мевадиҳанда, равшанию нури Офтоб ва шамолгузар намудани байни шоҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро ин амал боиси дарозумрӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар шудани сифат ва ҳаҷми мева шуда, инчунин дар натиҷаи дуруст гузаронидани буриш ва башаклдарорӣ дар дарахтон касалӣ ва ҳашароти зараррасон кам мегардад.
Ба тавсияи боғпарварон, тарзи башаклдарории дарахтон хеле гуногун аст. Дар ҷумҳурии мо асосан шаклҳои муқаррарии тeдашоха, қабат ба қабат, косашаклу меҳваршакл ва палметта гузаронида мешаванд. Барои дарахтони боғҳои меваҳои донакдор шакли қабат ба қабату косашакл ва барои дарахтони мевадиҳандаи тухмдори интенсивӣ аз ҳисоби зич ҷойгиркунии ниҳолҳо меҳваршакл ва палметта тавсия дода мешавад.
Башаклдарорӣ ва буриши шохаҳои дарахтон яке аз омилҳои муҳими нигоҳубини ниҳолҳо ва дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ мебошад. Ин раванд ба беҳбудию нашъунамо, ҳосилнокӣ ва зебоии муҳити атроф мусоидат менамояд.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат буда, дар таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва омодасозии ҷойи нави кор саҳми намоён дорад. Он ба афзоиши иқтидори содиротии давлат барои таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, аз ҷумла бо мева мусоидат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
КОНСТИТУТСИЯ–САНАДИ КАФОЛАТДИҲАНДАИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд






