САФАРИ С. ЛАВРОВ БА АФҒОНИСТОН

Март 16, 2009 16:59

                     Кобул, 16 март. (АМИТ «Ховар», ТРЕНД). — Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз барои боздиди корӣ ба Давлати Исломи Афғонистон рафт. Барномаи сафари ӯ мулоқотҳоро бо Президент Ҳамид Карзай, вазири корҳои хориҷӣ Рангин Додфар Спанта ва аъзои парлумони мамлакат дар бар мегирад. Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои равнақу ривоҷи ҳамкорӣ, вазъияти Афғонистон ва пешгирии таҳдиди паҳн гардидани терроризм, маводи нашъадор ва ҷинояткории минтақавӣ аз ин мамлакат баррасӣ карда мешаванд.                     Дар ҷараёни мулоқотҳо роҷеъ ба проблемаҳои байналхалқию минтақавӣ низ табодули назар карда хоҳад шуд. С.Лавров бо роҳбарони Афғонистон масъалаҳои тайёриро бахшида ба Конфронси махсуси СҲШ бахшида ба Афғонистон баррасӣ менамояд. Конфронси мазкур 27 март дар Маскав кушода хоҳад шуд. Хабар дода мешавад, ки дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои иштироки Русия дар сохтмони корхонаҳои саноатии Афғонистон ва расондани кӯмакҳои башардӯстонаи он ба ин мамлакати ҷангзада баррасӣ карда мешаванд. С.Лавров бори охирин моҳи феврали соли 2007 ба Афғонистон сафар карда буд.

Март 16, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд