САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА ВИЛОЯТИ БАЛХ

Март 20, 2009 15:38

                  Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Субҳи 20 марти соли равон 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ озими маркази маъмурии вилояти Балхи шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардид. Вазирро дар ин сафар гурӯҳи олимону адибон ва рӯзноманигорон ҳамроҳӣ мекунад.                  Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо дар мулоқоти сеюми сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок хоҳад кард. Бояд зикр кард, ки ин мулоқоти мазкур ба хотири суръатбахшӣ дар пайгирӣ ва амалӣ намудани паймонҳои сеҷониба дар доираи татбиқи аҳкоми Баёнияи муштараки дуюмин машварати Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 28 августи соли 2008 дар Душанбе ба имзо расида буд, сурат мегирад.                   Дар назар дошта шудааст, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафар бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанто ва вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳр Муттакй, ҳамчунин бо волии вилояти Балхи Афғонистон Атомуҳаммад Нур мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.                    Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳамроҳаш дар маросими ифтитоҳи китобхонаи Фирдавсӣ дар шаҳри Мазори Шариф иштирок мекунанд.                    21 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои наврӯзии Мазори Шариф ширкат хоҳад кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Март 20, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд