САРДОРОН ВЕЛОСИПЕДРОНӢ МЕКУНАНД

Март 19, 2009 15:57

                     Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, охири моҳи декабри соли сипаригашта дар сохтори ҶСК «Тоҷиктелеком» тағироти куллӣ ба амал омад. Сабаби дигаргуниро дар сохтори мазкур муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия ҷумҳурӣ Бек Зуҳуров дар тамоюли паст рафтани рушди сохтори ҷамъият, зиёд шудани қарзҳо ва паст гардидани трафикаи байналмилали телекоммуникатсионии мамлакат арзёбӣ кард.                      Қобили зикр аст, ки истифода аз нақлиёти бесӯзишворӣ велосипед иқдоми аввалин ва наҷиби Бег Зуҳуров мебошад. Ӯ ҳамаи сардорони шўъбаю раёсат, сарраёсатҳои «Тоҷиктелеком» ва «Почтамти марказӣ»-ро бо велосипеди дучарха таъмин намуд. Акнун онҳо ба ҷои мошинҳо аз ин дучархаҳо истифода мебаранд.                      — Мо бояд пеш аз ҳама манфиати ҷомеа ва ҷумҳуриро дар назар гирем ва проблемаҳои ҷойдоштаро қатъи назар накарда, чораҳои мушаххас андешем. Барои аз бӯҳрони молӣ баровардани ҷамъият моро лозим омад, ки чунин иқдомро пеш гирем, яъне бо маслиҳати тамоми кормандон мо ба хулоса омадем, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ ба тарзи нави кор, яъне нақлиёти бесӯзишвории дучарха гузарем. Давлатҳои тараққикардаи дунё маҳз аз ин навъи нақлиёт истифода мекунанд, — гуфт ӯ.                      — Ҳоло мо соҳиби 100 адад дучархаи ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Федератсияи Русия гардидем ва тамоми сардорони идораҳоро, ба истиснои директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком», бо ин намуди воситаи нақлиёт таъмин месозем. Суръати дучарха дар як соат 5 км аст, бо ин усули нав бисёр мушкилиҳоямон рафъ мегарданд. Чӣ тавре ки мо таҳлил намудем, аз ҳисоби сўзишворӣ агар дар як моҳ хароҷоти ҳифзи иҷтимоӣ, қисмҳои экологӣ 118 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, бо истифодаи велосипеди дучарха 79 ҳазор сомонӣ ба фоидаи корхона мемонад. Дар моҳи феврал сӯзишвории дизелӣ 6960 литр, бензин 13,200 литр ва дар маҷмӯъ 56,448 сомониро ташкил дод, ки барои мо ин маблағи беҳад зиёд аст, дар ҳоле ки мо қарзҳоямонро то ҳол дар назди ширкатҳо пурра напардохтаем.                      Ба ин восита мо роҳҳои дуздӣ, фиребгарӣ ва коррупсияро низ пешгирӣ мекунем. Вилосипедронӣ барои саломатии ҳар яки мо аз фоида холӣ нахоҳад шуд, — гуфт дар охир Бег Зуҳуров.  

Март 19, 2009 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд