ШӮҲРАТИ РУБОИЁТИ УМАРИ ХАЙЁМ ДАР ИСРОИЛ

Март 12, 2009 11:09

                      Байтулмуқаддас, 12 март (АМИТ «Ховар» — «Мигнюс.ком»). — Бостоншиносон зимни кофтукови ҳафриёт дар шаҳри кӯҳнаи Байтулмуқаддас кӯзаеро пайдо карданд, ки дар он як рубоии шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Умари Хайём сабт карда шудааст. Кӯзаи ёфтшуда ба асрҳои ХП -ХШ мансуб мебошад. Хабар дода мешавад, ки гурӯҳи бостоншиносон дар ин ҷо таҳти роҳбарии доктор Рина Авнер кофтукови бостоншиносӣ мегузаронад. Кӯза бо махлути хокаи фирӯза андуда, бо гулҳои гуногун оро дода шудааст. Рубоӣ дар он бо ранги сиёҳ сабт ёфтааст. Олими исроилӣ Ривка Коен — Амин изҳор намуд, ки рубоии дар он сабтгардида, ба Умари Хайём тааллуқ дорад. Онро доктор Юлий Рабинович ба забони яҳудӣ тарҷума намуд.                   Дар бораи кӯзаи ёфташуда ва тасвири рубоии Умари Хайём дар он доктори донишгоҳи Бен — Гуриони шаҳри Нақаб Нисон Амитай — Прейс маърӯза хоҳад кард.                    Матни пурраи дар кӯзаи ёфтшуда сабтгардидаи Умари Хайём чунин аст:                    Ин косагаре, ки косаи сарҳо кард,                   Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард,                   Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод,                    В — он косаи сарнагун пур аз савдо кард.                    Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки кӯзаҳо бо навиштаҷоти осори адибони тоҷику форс солҳои гуногун дар мамлакатҳои дигар низ ёфт шуда буданд, вале чунин кӯза дар Исроил бори аввал ёфт шуд.Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 12, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд