ШОҲМОТ: ФАРРУХ АМОНАТОВ БА ҶОИ ДУЮМ БАРОМАД
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов дар шаҳри Тошканд ба ҷои дуюм баромад. Фаррух Амонатов, ки дар даври 4-ум бар шоҳмотбозӣ Русия, устоди байналмилалӣ Павел Потапов пирӯз шуд, 3,5 имтиёз ба даст овардааст. Амонатов дар даври панҷум бо гроссмейстери рус Виталий Сешковский, ки бо 4 имтиёз байни 98 нафар дар ҷои аввал мебошад, бозӣ хоҳад кард. Шоҳмотбози тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бо 2,5 имтиёз дар ҷои 30-юм ва Неъмат Зиёев бо 2 имтиёз дар ҷои 45-ум ҷойгир шудаанд. Намояндагони дигари Тоҷикистон Темур Гадоев 1,5 имтиёз, Сӯҳроб Ҳошимов ва Давлатмамад Сангмамадов якимтиёзӣ, Асила Мӯҳтоҷзода ним имтиёз доранд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






