ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР «БОЙТЕРЕК»
Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯзҳо таҷлили ҷашни Наврӯзи фархундапай дар гӯшаю канори Тоҷикистон идома дорад. Яке аз чунин базмҳои наврӯзӣ дар маркази миллии фарҳангии қазоқони Тоҷикистон «Бойтерек» дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони ақалиятҳои миллии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҷамъомадагонро ба ҷашни хуҷастаи Наврӯз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯталип Ахметов шодбош гуфта, ба онҳо осмони соф ва ҳаёти осоишта таманно кард.Зауре Саминова раиси Маркази миллии фарҳангии «Бойтерек» дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки таҷлили ҷашни Наврӯз дар байни халқи қазоқ хусусияти хоси худро дорад. Халқи қазоқ низ дар баробари дигар мардумони машриқзамин ҷашни фархундаи Наврӯзро бо орзую ормонҳои нек ва албатта бо хони идонаи наврӯзӣ дар халқаи дӯстону аҳли хонадон дар базмгоҳҳо истиқбол мегиранд. Хусусияти хоси хони наврӯзии мардуми қазоқ ин гузоштани таомҳои гуногун миллӣ, бахусус «Наврӯз коже», «қавурдоқ» ва «гандумбирён» ба хони наврӯзӣ аст, ки он таҷассумгари бофайзу баракат омадани сол мебошад. Дар ҷашни наврӯзӣ ҳамчунин, либосҳои миллӣ ва дигар анъанаю суннатҳои мардуми қазоқ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки инъикосгари фарҳангу тамаддуни мардуми бародари қазоқ буд. Зауре Саминова мегӯяд, ки Маркази миллии фарҳангии «Бойтерек», ки маънояш дарахти ҳаёт аст, соли 2007 бо мақсади густариши фарҳангу тамаддуни халқи қазоқ дар Душанбе созмон дода шуда, ҷиҳати ҳифзи анъанаю суннатҳо ва забони қазоқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Зауре Саминова меафзояд, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор қазоқон кору зиндагӣ намуда, дар рушду шукуфоии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.








Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд






