ТАКЛИФИ КОРШИНОСОНИ ӮЗБЕК РАД КАРДА ШУД

Март 31, 2009 11:51

                  Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Хадамоти геофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳомидҷон Орифов, таклифи мутахассисони ӯзбек дар бораи ба ҷои «Роғун» сохтани нерӯгохи барқи обии «Сарез» рад карда шуд.                  Ба гуфти Ҳомидҷон Орифов, сохтмони нерӯгоҳ дар кӯли Сарез ҳанӯз соли 1932 аз тарафи олимони Маскав пешниҳод гардида буд, ки ҳадаф аз он пешгирии хавфи эҳтимолии кандашавии кӯл буд. Ба гуфти олими пажӯҳишгар, сохтмони ин нерӯгоҳ, ки бо иқтидори 200 мегаватт сохта мешавад, тибқи барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои кишвар, барқи истеҳсолкардаи он ба давлатҳои Афғонистон ва Покистон фурӯхта мешавад ва ин лоиҳа аз тарафи ИМА дастгирӣ ёфтааст ва маблағгузорӣ хоҳад шуд.                   Иқтидори нерӯгоҳи «Роғун» бошад 3 ҳазору 400 мегаватт буда, Тоҷикистонро нафақат аз камбуди норасоии барқ мераҳонад, балки ба як давлати дорои мустақилияти энергетикӣ табдил мекунад.

Март 31, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд