ВАЪДАҲОИ «ГАЗПРОМ ЗАРУБЕЖНЕФТЕГАЗ» ҶИДДИСТ?
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, паймони дуҷонибае, ки 17- уми феврали соли ҷорӣ байни мутахассисони Тоҷикистон ва ҶСП «Газпром Зарубежнефтегаз»-и Федератсияи Россия ҳосил шуд, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавонад дилпур созад, ки бо гузаронидани корҳои сейсмологию иктишофӣ кони захираҳои калони газу нефт дар чуқурии 5-7 ҳазор метр муайян карда шавад. Дар назар аст, ки моҳҳои май- июни соли ҷорӣ аз тарафи геологҳои ҶСП «Газпром Зарубежнефтегаз»- и Федератсияи Россия дар майдонҳои ояндадори нафту гази Саргазони ноҳияи Данғара, Ренгани ноҳияи Рӯдакӣ, Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ва Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор корҳо оғоз гардад. Ба наздикӣ барои гузаронидани корҳои сейсмологию иктишофӣ аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон техникаи навтарин ворид карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






