ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Апрель 21, 2009 13:17

                     Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Қудратов А.). — Имрӯз вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо сафири Ҷумҳурии Куриё дар ҶТ ҷаноби Ким Хонг Су баргузор гардид.                     Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Куриё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар рушди таэквандо дар ҷумҳурӣ, ки асосгузораш ҷумҳурии Куриё мебошад, сухан рафт. Қайд гардид, ки варзишгарони тоҷик дар ин намуди варзиш солҳои охир ба беҳтарин дастовардҳо ноил шуданд. Аз ин сабаб ҷониби Куриё дар самти рушди ин соҳа дар Тоҷикистон дар таъмини лавозимоти варзишӣ мусоидат хоҳад кард. Дар охири мулоқот ҷониби Куриё омодагӣ изҳор намуд, ки Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Куриё дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба имзо расонида шавад.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Апрель 21, 2009 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд