ҲУҶҶАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ОМОДА МЕГАРДАНД

Апрель 29, 2009 10:57

                 Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаи аломатгузории (делимитация) сарҳади давлатӣ бо давлатҳои ҳамсоя ба шитобкорӣ роҳ доданӣ нест,- изҳор намуд ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Юлдошев. Ҷумҳурии Тоҷикитон вобаста ба ҳалли ин қазия гуфтушунидро бо давлатҳои ҳамсоя давом медиҳад, афзуд ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон.                  Бино ба гуфти А. Юлдошев, тайёрии дуҷониба оид ба ҳалли масъалаи мазкур миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода карда шудааст.                   Масофаи сарҳад миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон 1050 километрро ташкил медиҳад. Дар масофаи 661 км-и он ҷараёни аломатгузорӣ ва ҷудо кардани сарҳад (делимитация) ба охир расидааст.Алҳол комиссияи муштарак баҳри омода кардани ҳуҷҷатҳои ҳуқукмуайянкунанда созмон дода шудааст.

Апрель 29, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд