АҶМАЛ ҒОЛИБИ МАРАФОН ШУД
Душанбе, 20 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аҷмал Амиров омӯзгор аз шаҳри Душанбе дар марафони кушоди дав, ки ба ифтихори Рӯзи пойтахт 18 апрел баргузор шуд бо давидан дар масофаи 42 километр ҷои аввалро сазовор шуда, соҳиби 5 ҳазор сомонӣ гардид. Зинаи дуюми мусобиқаро донишҷӯи Донишкадаи варзиши ҷумҳурӣ Сотиболдӣ Ҳаитов аз шаҳри Турсунзода бо 4 ҳазор сомонӣ ишғол намуд. Ҷои сеюм бошад бо 3 ҳазор сомонӣ насиби устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Сергей Забавский гардид. Инчунин, матонати варзишии хоҳарон Мадина ва Нодира Мирзоеваҳо аз шаҳри Душанбе бо 1500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Тӯҳфаҳоро ба ғолибони марафон дар маросими тантанавӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев супорид.