А. КАБУТОВ: «МО ҶАВОНОНРО БО ҶОИ КОР ТАЪМИН МЕНАМОЕМ»

Апрель 14, 2009 14:52

                   Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» давоми се моҳи соли ҷорӣ мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор намуд, ки дар натиҷа нафарони зиёде бо ҷойҳои кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд. Паҳлӯҳои мухталифи бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ ва ба ин васила паст кардани сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ ва аҳамияти ин ярмаркаҳоро директори Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» Абдурозиқ Кабутов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» шарҳ дода, зикр намуд, ки 13 январ ва 20 феврал Биржа дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе, 20 март дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохила ярмаркаҳои ҷойҳои кори холиро баргузор намуд.                   Ӯ афзуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» аслан барои бо кор таъмин кардани ҷавонон машғул аст. Дар ярмарка 1720 ҷойҳои кори холӣ дар дохили ҷумҳурӣ пешниҳод шуд, дар он 22 корхонаю муассисаҳо иштирок намуданд. Зиёда аз 3,5 ҳазор корҷӯён дар ин ярмарка иштирок намуданд. Мо аз ин 136 нафарро ба корҳои доимӣ ба дохили ҷумҳурӣ равон кардем ва 32 нафарро ба омӯзиш дар дохили ҷумҳурӣ дар назди маркази фарҳангии «Ориёно» барои омӯзиш ҷалб намудем. Дар соли 2009 мо ба нақша гирифтем, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн бо кордиҳандагони Федератсияи Русия дар вилояти Волгоград 170 ҷой, бо хоҷагии аграрии савхози Карповск дар вилояти Москва, бо хоҷагии аграрии Бунятинои вилояти Москва як шартномаи дуҷониба ба имзо расондем, ки имрӯз ҷавонон барои сафарбар кардан тайёранд. Мо то имрӯз 13 нафарро ба вилояти Волгоград равон намудем ва аз 20 май 65 нафари дигар ба ФР ба вилояти Москва, ба шаҳри Дмитриев ба корҳои агарарӣ равон карда мешаванд. Дар онҷо музди маоши миёна аз 12 то 18 ҳазор рубли русӣ ва дар вилояти Волгоград аз 12 то 14 ҳазор рубли русӣ пешбинӣ шудааст. Ин ҷо боз як ҷизи дигарро бояд қайд намоям, ки дар асоси қарордод роҳкиро аз ҳисоби кордиҳандагони ФР пардохт карда мешавад. Ва ин як имтиёзи хеле хуб аст, инчунин ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва ҷои истиқомат аз ҳисоби кордиҳандаи ФР пардохт карда мешавад.

Апрель 14, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд