АШЁИ ХОМИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ДАР ХУДИ ТОҶИКИСТОН ФАРОВОН АСТ
Суғд, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов реги кварсӣ-ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли лампаҳои сафед мавҷуд аст. Бино ба гуфтаи мутахассисон реги кварсӣ барои лампаҳои люминистентӣ ашёи хом ба ҳисоб рафта, кони он дар ҳудуди Тоҷикистон дар мавзеи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов вокеъ аст. Геологхо аниқ карданд,ки дар ин кон тақрибан 40 миллион тонна реги кварсӣ мавчуд аст. Реги кварcӣ дар ҶС «Комбинати бойгардонии Пролетар» коркард мешавад. Директори корхона Абдусами Аҳмадов иттилоъ дод, ки алҳол қуми кварсии коркард шуда ба давлатҳои ҳамсоя Кирғизистону Узбекистон содир карда мешавад. Агар истеҳсоли лампаҳоро дар дохили кишвар ба роҳ монем арзиши аслии он арзон хоҳад шуд. 70-75 фоизи таркиби лампаҳои люминистентиро реги кварсӣ ташкил медихад. Таркиб ва сифати реги кварсӣ дар лабораторияи корхона аз озмоиш мегузарад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






