АСПИ АРБОБМИРЗО ШАМСИЕВ

Апрель 14, 2009 15:05

                     Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон «Барномаи рушди асппарварӣ» қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки соли 1956 нақшаи илмии ба вуҷуд овардани зоти аспи тоҷикӣ аз тарафи пажӯҳишгоҳи асппарварии умумииттифоқ тарҳрезӣ карда шуд.                     Ба вуҷуд овардани ин зот таҳти роҳбарии Николай Манин қарор ёфт. Зоти мазкур солҳои 1980 — 2000 — ум бо шаҷараҳои генеалогӣ ба вуҷуд оварда шуд. Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ, Академияи улуми кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба тасдиқи байналхалқӣ пешниҳод карда шуд, ки олимони шинохтаи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина ширкат варзида бо як овоз онро тасдиқ ва қабул карданд. Муаллифони ин зот дотсенти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Н. Манин (баъди вафот) ва доктори илмҳои кишоварзӣ А. Шамсиев шинохта шуданд. Зоти мазкур дар қисмати марказӣ ва ҷанубии ҶТ парвариш ёфта, саршумораш ба 30 ҳазор мерасад.                    Ин зотҳо дар хоҷагиҳои заводи асппарварии «Кӯктош» — и ноҳияи Рӯдакӣ, хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ» — и ноҳияи Файзобод, «Баракат» — и ноҳияи Ҳисор, «Кангурт» — и ноҳияи Темурмалик, «Данғара» — и ноҳияи Данғара, «Чорводор» — и ноҳияи Вахш, ба номи Меликмуродови ноҳияи Шаҳринав ва ғайра мавриди парвариш қарор доранд, иброз дошт мудири кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, доктори илмҳои кишоварзӣ Арбобмирзо Шамсиев.

Апрель 14, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад