БАҲОИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА АФЗОИШИ МАҲСУЛОТ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар Тоҷикистон дар соли 2009 ҳамагӣ 3 фоиз зиёд мешавад, омадааст дар гузориши солонаи Бонки Рушди Осиё. Ин нишондод миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пасттарин нишондод маҳсуб меёбад. Сабаби пастравии иқтисодиёти Тоҷикистон бо ду омил; якум, як баробар кам шудани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ва дуюм ба коҳиши нархи пахта ва алюминӣ дар бозори ҷаҳонӣ дониста мешавад, омадааст дар гузориши солонаи Бонки Рушди Осиё. Тибқи гузориши мазкур, нишондодҳои иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2010 беш аз 4 фоиз зиёд нахоҳад шуд. Ин пешгӯиҳо ҳушдор доданианд, ки корхонаҳо роҳи беҳтари афзоиши маҳсулотро пайдо намуда, истеҳсоли онро дар ду-се баст ташкил ва зиёд намоянд, то Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2009 ва 2010 на 4 фоиз, чунон ки дар гузориши Бонки Рушди Осиё омадааст, балки 40-50 фоиз афзоиш ёбад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






