БА АМРИКО БА ТАҲСИЛ МЕРАВАНД
Бадахшон, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Хонандагони мактаби рақами 1-и ноҳияи Мурғоб тибқи барномаи амрикоии «Флекс» дар озмуни донандагони забони англисӣ ғолиб омада, ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар муддати як сол ба Амрико барои таҳсил намудан раванд. Чунин комёбӣ дар ноҳия тасодуфӣ нест, зеро дар солҳои истиқлолият дар ноҳия ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Соли 2008 аз 173 нафар хатмкардаҳои ноҳия 97 нафар шомили донишгоҳҳои олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон гардиданд. Имрӯз танҳо дар курсҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии ба номи М. Назаршоеви шаҳри Хоруғ таи 80 нафар донишҷӯ, дар гурӯҳҳои гуногуни курсҳои кӯтоҳмуддати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таи 150 нафар таҳсил мекунанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






