ЧАРО ҚУРБИ ДОЛЛАР БОЗ БОЛО РАФТ?

Апрель 28, 2009 17:05

                  Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА тамоюли баландшавӣ дошта, ба ҳисоби миёна 4,0850-4,1050 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин, қурби миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро низ тағйир ёфта, мутаносибан 0,1179-0,1203 ва 5,1985-5,2019 сомониро ташкил дод.                   Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зиёдшавии талабот ба доллари ИМА ва баланд шудани қурби он бештар аз ҳама ба тағйирёбии вазъ ва шартҳо дар бозорҳои байналхалқии молиявӣ ва мол, фаъолияти сусти иқтисодии хориҷии кишвар, вобаста аст.                  Тамоюли номбурда хосияти кӯтоҳмуддатӣ дошта, айни замон дигаргуншавии талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор ба мушоҳида мерасад, ки он ба мӯътадилшавии қурби мубодилавӣ мусоидат хоҳад кард.

Апрель 28, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд