ЧАРО «ГАНҶИНА» ҶОЙИ ГАНҶ НЕСТ?

Апрель 18, 2009 11:22

                 Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҳуқуқшиноси бозори «Ганҷина» Ҳайдулло Абдуллоев, «Ганҷина» дар масоҳати 3 гектар бунёд ёфт ва барои 4500 фурӯшанда ҷои корӣ омода карда шуд. Айни замон дар ин бозори ба таври аврупоӣ сохташуда, ҳамагӣ 1500 нафар фурӯшанда ба ҷои кори доимӣ таъмин аст.                -Мутаассифона, -мегӯяд Ҳ. Абдуллоев, имрӯз 3500 нуқта ҷои савдо холӣ аст. Секторҳои 2, 7,10, 11,13 қисман холианд, секторҳои 3-юму 10-ум пурра холианд, чаро?                  Чун ба ҳоли савдогарон ошно шавед, манзараи дигар ба чашматон аён мегардад.                   Яке барои 72 метри квадратӣ дар як моҳ 1000 доллар ва дигаре барои 28 метри квадратӣ 400 доллар иҷорапулӣ месупоранд.Бар хилофи гуфтаҳои иҷоракорон ба гуфти Ҳ. Абдуллоев аз савдогарон барои 1 метр ҷой 1 сомонӣ «чекпулӣ» гирифта мешавад.                  Маълум мегардад, ки сабаби холӣ будани нуқтаҳои савдоӣ дар бозори «Ганҷина» баланд будани иҷорапулӣ аст, ки онро «чекпулӣ» мехонанду иҷорапулӣ мегиранд. Пас «Ганҷина» аз куҷо пурганҷ шавад?   

Апрель 18, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд