ДАР СЕ МОҲ 50 ҲАЗОР НАФАР БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ РАФТАНД
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати дар вилояти Суғд будаи Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ, аз 1- уми январ то 20 -уми марти соли ҷорӣ 50 ҳазору 473 нафар сокинони ин вилоят чун муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазор камтар аст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, аз аввали сол то 20 -уми март аз Федератсияи Россия тобути 16 нафар сокинони ин вилоят, ки бар асари ҳодисаҳои гуногун ҷони худро аз даст додаанд, интиқол дода шудааст. Соли 2008 бошад, аз Федератсияи Россия танҳо ба вилояти Суғд тобути 265 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ оварда шудааст, ки 57 нафарашон ба қатл расонида шудаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






