ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАМЪИЯТИ ҚАННОДОН ТАШКИЛ МЕЁБАД
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова).- 24 апрел дар Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳлили вазъияти соҳаи қаннодӣ: проблемаю вазифаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» бургузор гардид. Ташкилкунандаи он ширкати сармоягузории «Сомон Капитал» буд. Дар машварат намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои машваратии беҳтар сохтани фазои сармоягузории назди Президенти ҶТ, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Хӯрокворӣ» ва намояндагони соҳаи қаннодӣ иштирок карданд. Иштирокчиён вазъияти соҳаи қаннодӣ ва имкониятҳои онҳоро муҳокима карданд. Мақсади гузаронидани мизи мудаввар муҳокимаи шароит барои истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти қаннодӣ мебошад. Чи тавре, ки маълум шуд, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ҳар сол 0,75% зиёд мешавад. Талаботи бозори дохилии мамлакат ба маҳсулоти қаннодӣ дар як сол 45 ҳазор тонна мебошад. «Ҷамъомади мазкур иқдоми саривақтӣ мебошад, зеро корхонаҳои қаннодии ватанӣ бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва бисёр вақт ба маблағи зарурӣ эҳтиёҷ доранд. «Сомон Капитал» метавонад бо корхонаҳои қаннодӣ ҳамкорӣ карда, ин проблемаҳоро ҳал кунад»,- гуфт муовини раиси КВД «Хӯрокворӣ» А. Маҷидов. Иштирокчиёни машварат пешниҳоди ташкили ҷамъиятро тарафдорӣ карданд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






