ДАЪВОИ «АЙРЕНГЕН- ЛТД» БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРӢ

Апрель 14, 2009 16:09

                Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апреля соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи худ парвандаро оид ба дархости намояндаи ваколатдори Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген- ЛТД» Қ. Ақназаров мавриди барасӣ қарор медиҳад.                Тавре аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, номбурда мехоҳад, ки дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 3 моддаи 270 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ба қисми 1 моддаи 1, қисми 2 моддаи 5, қисми 3 моддаи 14, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19 ва қисми 2 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзад.                Қобили зикр аст, ки асоси муроҷиат ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани таиноти кассатсионии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2003 ва ҳалномаи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат ба ҷавобгарии Кумитаи давлатии амволи ҷумҳурӣ ва Ширкати байналхалқии тиҷоратии «Айренген- ЛТД» дар бораи бе эътибор ҳисобидани савдо ва шартномаи хариду фурӯши 75% + 1 саҳомияҳои ШСШК «Пахтаи Пролетар»-и ноҳияи Ҷабор Расулови вилояти Суғд мебошад.

Апрель 14, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад