ГУЗОРИШ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КИШОВАРЗОН

Апрель 22, 2009 07:53

                    Душанбе, 22 апрел, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар кори конфронси матбуотӣ, ки ба фаъолияти семоҳаи кишоварзон дар толори хурди Вазорати кишоварзӣ доир гардид, аз ҳарвақта дида иштироки хабарнигорон ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳои вазорат мазкур бештар ба чашм мерасид.                    Фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба роҳ монда шудааст, -иброз дошт муовини аввали вазир Раҳмоналӣ Амиров ба иштирокдорони ҷамъомад.                    Соли ҷорӣ аз бӯҷети давлат барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ 20 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин албатта нисбат ба қарзе, ки хоҷагидорон дар назди давлат ва сармоягузорон доранд (400 млн. доллар қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар назар дошта шудааст), чандон зиёд нест, аммо бо ин маблағ мумкин аст 10 техникаи таъиноти кишоварзӣ, заҳрхимикат барои нобуд сохтани малах, ки дар 21 ҳазор гектар заминҳои вилояти Хатлон мушоҳида мешавад, соҳаи боғу токпарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, рушди соҳаи қутоспарварӣ, соҳаи моҳипарварӣ, парвариши чорво, паррандапарварӣ, рушди соҳаи зотпарварӣ, беҳтар намудани биотехнологияи чорво, созмон додани бонки нутфaю ҷанин, рушди минтақаи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва рушди барномаи асппарварӣ ба таври дилхоҳ истифода карда шавад, -афзуд Раҳмоналӣ Амиров.                      Аз рақамҳои омории маърӯзачӣ маълум буд, ки соҳаи кишоварзӣ камбудие надорад, ягона чизе, ки намерасад қувваи корист, ки бояд барои обод намудани даштҳои фарохи Данғара, Бешкент ва ноҳияи Турсунзода аз ноҳияҳои минтақаи Рашт, Бадахшону Суғд интиқол ёбад ва бӯҳронеро, ки тамоми дунёро таҳдид дорад, дар кишвар пешгирӣ карда шавад.                     Чанд саволе, ки аз ҷониби хабарнигорон матраҳ гардид, танҳо ба хотири расмиятчигии конфронс буд, вагарна он чи, ки аён аст, чӣ ҳоҷат ба баён аст.  

Апрель 22, 2009 07:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд