ИСТЕҲСОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР АФҒОНИСТОН МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ Фахриддин Ҷонмаҳмадов имрӯз барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар бораи вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба истеҳсоли маводи нашъадор маълумоти муфассал дода шуд. Ф.Ҷонмаҳмадов зикр кард, ки идома ёфтани амалиёти ҷангӣ ва вазъияти назоратнашавандаи харбию сиёсӣ дар вилоятҳои ҷанубӣ, ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқии Афғонистон ба афзоиш ёфтани истеҳсоли маводи нашъадор мусоидат менамояд. Агар вазъи ҳаво тағйир наёбад, имсол ҳам дар Афғонистон ҳосили фаровони кӯкнор ба даст оварда, аз он миқдори зиёди маводи нашъадор истеҳсол карда хоҳад шуд, гуфт вай. Сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъадори ҷумҳурӣ дар асоси маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки Афғонистон мисли пештара дар бобати истеҳсоли маводи нашъадор дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






